Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 дар шаҳри Кӯлоб

11.09.2019 16:13, шаҳри Кӯлоб

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Мактаб аз 3 ошёна иборат буда, барои 1250 нафар дар ду баст пешбинӣ шудаст. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳа ба истифода дода шуд. Мактаб аз 3 ошёна ва 28 синфхонаи фаннӣ иборат буда, дар он шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.

Аз руи маълумоти шахсони масъул дар марҳилаи ояндаи лоиҳа ошхона, толорҳои маҷлис ва варзиш сохта мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорони мактаб суҳбати самимию созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддастои миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520