Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара

12.09.2019 19:45, ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни истиқлолият, ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар қаламрави ноҳияи Данғара даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124 иншоотро ба анҷом расонидаанд ва бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аксари иншооти таъиноти гуногуни дар ноҳия ва деҳаҳои Данғара бунёдшуда гувоҳи равшани дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” обод гардидани боз як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Президенти мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғараро ба вусъати корҳои ободонӣ ва дар амал татбиқ сохтани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҳидоят карданд.

Қобили зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520