Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ
Китоби 2. Нашри дуюм.
(Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 - 1999).
Дар китоб аввалин иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1996-1999, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ инъикос гардидааст.
Муаллифон рафти мулоқоту машваратҳои тарафҳои даргир ва билохир 27 июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсоз ба қалам дода, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марҳалаи муҳиму ҳассос таъкид намудаанд.
Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.
Муаллифон:
Шарифзода Абдуфаттоҳ
Фаттоев Саймурод
Душанбе: «Ирфон». - 2011. –372 саҳ