5 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Президенти Қирғизистон Роҳбари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо паҳлуҳои муҳимми равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн Президентҳои ҳарду кишвар оид ба саъю кушишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карданд.