Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

07.10.2019 13:56, шаҳри Душанбе

7 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати самимӣ ва дӯстона Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурги Владимир Путинро дар раванди рушди комёби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои босамари миёни Тоҷикистон ва Россия таъкид карданд.

Зимнан омодагӣ ба талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар ва ба хотири таъмини суботу амнияти минтақа баён гардид.

Қаблан Сарвари  давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520