Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ

10.10.2019 10:31, шаҳри Душанбе

10 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ, ки аз технологияи муосири соҳавӣ таркиб ёфтааст, иштирок намуданд.

Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст,  банду баст гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки студияи мазкур имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати “Full HD”, яъне дақиқияти баланд сабт ва ба таври мустақим пахш намояд. Студия бо 16 камераи профессионалӣ таъмин буда, 4 адади он ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад.

Ҳамчунин системаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳои Студияи нави сайёр имкон медиҳад, ки ба барномаҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти насбгардида истеҳсоли Япония буда, ин фанноварӣ ба таври мустақим имконият дорад, ки барнома ва намоишҳоро ба маҳвора ирсол намояд. Ба иттилои масъулин, студияи мазкур феълан дар Осиёи Марказӣ назир надошта, он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дастрас гардидааст.   

Студияи сайёри телевизионӣ дорои генератори пуриқтидори барқӣ буда, имконият дорад таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд. 

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки дар студияи сайёр 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Як гуруҳи кормандон аллакай аз курсҳои омӯзишии истифодабарии ин технология гузаштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки таҷҳизоти мазкурро самаранок истифода бурда, бо истифода аз ин имкониятҳо, сатҳу сифати пахши намоишу барномаҳои телевизиониро боз ҳам беҳтар намоянд.

Таъмини таҷҳизоти муосири телевизион таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи телевизион буда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар мусоидат мекунад.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як зумра шабакаҳои нави телевизионӣ, аз қабили "Сафина", "Баҳористон" "Ҷаҳоннамо", "Варзиш", "Синамо", "Футбол" ва "Шаҳнавоз" ба фаъолият оғоз намуда, Академияи Воситаҳои ахбори омма ташкил карда шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои телевизионии мамлакат бо дастгоҳҳои муосири сабт, танзим ва пахши барномаҳо таъмин гардида, аз рӯйи формати дақиқияташ баланди HD пахши барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ карда шуд.

Имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон на танҳо дар фазои иттилоотии кишвар, балки дар дигар мамлакатҳо низ тариқи моҳвора дастрас мебошад. Дар ин радиф телевизионҳои маҳаллӣ низ бо таҷҳизоти зарурии корӣ ба пуррагӣ навсозӣ гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520