Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ташкилкунандаи чорабинии махсус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи конфронси СММ оид ба рушди устувор мебошад

22.06.2012 02:00, Бразилия

Имрӯз баъд аз нисфирӯзи дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чорабинии махсусро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об аз номи ташкилкунандагони он, ҳайатҳои Тоҷикистон, Маҷористон, Финляндия ва механизми «Созмони Милали Муттаҳид – захираҳои об» ифтитоҳ карда дар он раиси намуд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ на танҳо чун ташаббускори баррасии мавзӯъҳои об, балки чун ҷонибдори амалӣ намудани иқдомоту чораҳои мушаххас доир ба истифодаи устувори ин захираи ҳаётан муҳим баромад мекунад. Ӯ афзуд, ки кӯшишу талошҳои Тоҷикистон дар масоили об ба истифодаи устувору самараноки имкониятҳои об, таҳкими ҳамкории байналмилалии одилона ва мутақобилан судманд равона шудаанд.

Тавре Президенти Тоҷикистон қайд намуд, «ҳамкорӣ дар соҳаи об бояд бовариро дар байни ҳамаи истифодакунандагони об таҳким бахшида, барои татбиқи идораи мувофиқашудаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд».

Дар ин росто, чуноне ки Роҳбари давлати тоҷикон тазаккур дод, Тоҷикистон нақши Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар мусоидати он ба сафарбар намудани иродаи сиёсӣ ҷиҳати татбиқи нияту қарорҳо, ҳамоҳангсозии пурсамари талошҳои ширкаткунандагони манфиатдор, ва ҳамаи ҷонибҳо – ҳукуматҳо, бахши хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҳозира ва оянда дар соҳаи об, дар ташкили шарикии вусъатдор барои пешбурди истифодаи устувори захираҳои об мебинад.

Ба таври хоса талошҳои Гурӯҳи дӯстони об, ки чанд сол боз дар қароргоҳи Созмони Милал дар Ню-Йорк амал мекунад, аз ҷониби Сарвари давлат қайд гардид.

Дар чорабинии махсус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об Янош Адер Президенти Маҷористон, Яри Коскинен вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Финляндия, Сигрид Кааг ёвари Дабири кулли СММ, Летичиа Обейг роҳбари ниҳоди ҳамшарикии глобалии об ва намояндагони кишварҳо ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла Роҳбари ниҳоди ҳамшарикии глобалии об хонум Летичиа Обейг қайд намуд, ки: «Ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шоистаи таҳсину омӯзиш мебошанд. Мо аз силсилаи ибтикорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об пуштибонӣ намуда, барои иштироки фаъол дар кори ҳамоиши Душанбе дар соли 2013 дар чаҳорчӯбаи соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки ташаббускори эъломи он Тоҷикистон мебошад, омодагии худро иброз медорем. Мо хушнуд аз онем, ки роҳбари давлат ба мавзӯи об, аз ҷумла пешбурди сиёсати ҳадафманди обӣ, ташвиқи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таъмини дастрасии мардум ба оби мусаффои ошомиданӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар миқёси минтака ва ҷаҳон тадбирҳои муассиру созанда меандешад. Ин иқдом лоиқ ба омӯзиш мебошад. Дигар кишварҳо ва минтақаҳое, ки мавзӯи обро барои таъмини рушди устувор унсури калидӣ медонанд, бояд аз ин ташаббускорӣ ва сиёсати Тоҷикистон ва пешвои он омӯзанд. Мо аз дигар роҳбарони давлатҳо даъват ба амал меорем, то ки пайрави чунин иқдомҳо ва талошҳои сарвари давлати тоҷикон бошанд. Ҷиҳати инъикоси дастгирии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, мо дар кори омодагӣ ва баргузории мувафффақонаи чорабинии дар ҳошияи соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Душанбе соли 2013 фаъолона ширкат хоҳем варзид.

Дар баромади худ намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзӣ (FAO) изҳор дошт: «Ба ҳамагон маълум аст, ки Точикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзуи об дониста шудааст. Дар пешбурди чунин ташаббусҳо, нақш ва саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Бо ташкил ва даъвати чунин ҳамоиши махсус бахшида ба масоили об, Тоҷикистон иқдоме пеша намудааст, ки ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори расидан ба рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад. Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем.

Хонум Кенза Робинсон, Роҳбари механизми Созмони милали муттаҳид – Об бошад ёдовар гашт, ки тӯли чанд соли охир Тоҷикистон ташаббускори асосии эълони қатъномаҳои СММ оид ба об мебошад. Симои Тоҷикистон, гуфт ӯ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои обӣ пазируфта шудааст, ки боиси шарафмандии мост.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми суханрониаш иброз дошт, ки об метавонад ҳамчун мавзӯи сар задании танишу низоъ бошад ва ҳам метавонад барои ҳамкориҳои фароху густарда байни давлатҳо имкониятҳо фароҳам орад. Тоҷикистон бо иқдомҳои наҷиби худ барои бунёди заминаи мустаҳками ҳамкориҳои фарогир байни кишварҳо дар соҳаи об нақши калидиро мебозад.

Раиси созмони South-South News қайд кард, ки «мо аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва даъватҳои он ҷониб ҷиҳати ба роҳ мондаи ҳамкориҳои зич бо ниҳодҳову муассисаҳои байналмилалии таҳқиқотӣ ба мақсади омӯзиши масоили об ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Мо бо иштирок дар як қатор чорабиниву ҳамоишҳои бузурги обӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор шуда буданд, сарфароз гашта будем. Дар кори ташкил ва баргузории чорабинии қарибулвуқӯъ дар Душанбе ҳамшарики Тоҷикистон хоҳем буд.

Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро барои татбиқи босуръати рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид ва пурра кардани он бо чораҳои муосири амалӣ ҷиҳати ҳалли ботадриҷи ҳама мушкилоту таҳдидҳо, ки бо об алоқамандӣ доранд, изҳор кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон итминон дод, ки маҳз инкишофи ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ байни истифодабарандагони мухталифи об, аз сатҳи маҳаллию миллӣ сар карда, то сатҳи минтақавию байналмилалӣ метавонад дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об ва санитария, инчунин ҳифзи захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат намояд.

Барои амалисозии ҳадафҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Роҳбари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 21 марти соли 2013 Муколамаи байналмилалии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дар охири ҳамон сол Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об гузаронида шавад.

Дар баромади худ Сарвари давлати тоҷикон нақши гидроэнергетикаро, ки яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор ва манбаи асосии истеҳсоли барқ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, қайд намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бояд таҷрибаи пешрафта оид ба идоракунии якҷояи захираҳои об ва истифодабарии оқилонаи онҳо ва пеш аз ҳама дар ҳавзаҳои обҳои фаромарзӣ амиқан мавриди омӯзиш қарор гирад.

Зимни сухани ҷамъбастии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ширкаткунандагонро бори дигар барои иштироки фаъол дар баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар ҳаллу фасли масоили об дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ даъват кард. Ӯ махсус таъкид сохт, ки «аз кӯшишҳои дастаҷамъонаи мо ҳаёти шоистаи онҳое вобаста аст, ки имрӯз ба оби ошомидании бехатар ва санитария, энергия ва озуқа дастрасӣ надоранд. Аз ин кӯшишҳо сулҳу амонӣ, имконияти ҳифзи захираҳои об – ин манбаи асосии ҳаёт дар рӯи Замин барои наслҳои оянда вобастагӣ доранд».

Президенти Тоҷикистон бо изҳори хушҳолӣ ҳамаи ҳозиринро барои иштироки созанда дар омода намудан ва гузаронидани Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки он дар нимаи дуюми соли 2013 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Роҳбари давлати тоҷикон иброз дошт, ки Конфронси мазкур барои баррасии фаъолонаи доираи васеи мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, мубодилаи таҷриба дар ин бахш ва инчунин барои таҳия намудани нақшаи амалҳо ҷиҳати тезонидани иҷрои вазифаю ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи об ва санитария, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Идораи дастаҷамъонаи захираҳои об пешниҳод мешавад.

Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ширкаткунандагон ва ташкилкунандагони чорабинии барпогардида ибрози сипос намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520