Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Хуросон

21.12.2019 10:14, ноҳияи Хуросон

21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муссисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароитҳои кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати бештар аз 2800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир тарҳрезӣ гардида, дар он шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар иншоот 6 ҳуҷраи корӣ бунёд ёфта, ошёнаи якуми бино барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамаи утоқҳо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ насб гардида, бо компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит минбаъд имконият медиҳад, ки дархосту аризаи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.

Таҳхонаи бинои навбунёд барои бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар он ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст.

Намои берунаи бинои мазкур низ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳия 8231 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст ва хизматрасонӣ ба онҳо тариқи корти бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Солҳои қаблӣ набудани шароити корӣ яке аз мушкилоти асосии кормандони он буд. Ифтитоҳи бинои навро кормандони Агентӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520