Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

23.12.2019 18:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз сӯҳбати телефонӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев доир гардид.

Ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.

Дар ин зимн муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал овард.

Дар идомаи суҳбати телефонӣ президентҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот анҷом дода, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520