ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намоянадагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 16 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
9 марти соли 2010
№833