Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Исматуллозода Ш.И.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1455

 

 

 

ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло

аз сентябри  соли 2015 дар вазифаи  директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кор мекунад.

 

Соли таваллуд  14 марти соли 1970              Ҷойи таваллуд  ноҳияи  Ҳисор

Миллат   тоҷик                                                 Таҳсилот    олӣ

Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистон, 

соли  2011  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро   хатм кардааст

Ихтисос  забоншинос, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    доктори илми филология              

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони  халқ ҳаст ё не    не

Бо  мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

 

Кор ва фаъолияти  собиқа:

Солҳои 1987-1992

Донишҷӯи   факултети филологияи тоҷики  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Солҳои 1992-1994

Коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 1994-1997

Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 1997-2000

Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 2000-2006

Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2009

Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон

Солҳои 2009 -2012

Сардори Раёсати  илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2012 -2014

Директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» и Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Солҳои  2014-2015

Муовини  ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Аз сентябри соли 2015 то имрӯз

Директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520