Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

22.03.2020 09:05, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз як силсила иншооти таъиноти гуногун бунёд, тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардиданд ва ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо омодагии комил ва руҳияи фараҳмандона иҷрои ҳамаи анъанаҳояш ҷашн гирифта мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520