Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳои наврӯзӣ ба 100 ятим дар шаҳри Гулистон

22.03.2020 14:40, шаҳри Гулистон

22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.

Чун анъанаи накуи наврӯзӣ ва бо хиради азалии раъиятпарварӣ ин навбат низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятими вилояти Суғд дастархони идонаи наврӯзӣ ороста, ба онҳо шириниҳои гуногун, сару либос ва кумакҳои моддӣ расонданд.

Зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар роҳи расондани кумакҳо ба ниёзмандон, кӯдакону наврасонро ба хониши хуби илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосири компютерӣ ҳидоят карданд.

Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои чунин ғамхориҳо ба пушту паноҳи хеш ва роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумакҳои моддӣ расонда, руҳияи онҳоро баланд мебардоранд.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ятимон на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои соҳикасбу соҳибҳунар шудани наврасон низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳам ҳадди ниҳоии ғамхорию сарпарастии ятимон нест.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520