Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

22.03.2020 20:07, шаҳри Хуҷанд

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона орзу карданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ доир ба шукуҳу шаҳомати ҷашни хусравонӣ, эҳё ва риояи анъанаву суннатҳои неки аҷдодон, тадбирҳои созандагӣ, тозагию озодагии муҳит ва хонадон, иҷрои корҳои саховатмандона бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, ки аз рукнҳои хоси наврӯзи ниёгон аст, андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми вилоятро дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони ватандӯсти вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ мондаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома дорад.

Дар охир бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷашни наврӯзиро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат аҳли ҳунар ва устодони санъати кишвар барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520