Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАВЛАТЗОДА Зулфия Давлат
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАВЛАТЗОДА Зулфия 13 марти соли 1974 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо ихтисоси филологияи шарқ хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1997 ҳамчун хабарнигори Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз карда, сипас солҳои 2007-2008 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Аз соли 2008 то соли 2015 дар мансаби сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ ва директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ» кор кардааст.

Солҳои 2015-2020 дар вазифаҳои муовин ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520