Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

07.05.2020 17:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунии беҳдоштӣ-эпидимиологӣ дар ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Ҳукумати Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар шакли лавозимоти тиббӣ, изҳори сипос карданд.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо инчунин оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо таъкид карданд.

Сарони давлатҳо барои пешбурди ҳамкориҳо баҳри инкишофи мубодилаи мутақобилаи мол ва ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба манфиати ду халқ фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро зарур шумурданд. 

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Озарбойҷон саломатӣ ва комёбӣ орзу карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520