Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

16.06.2020 18:42, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин  суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози сӯҳбати дӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси муҳтарам Си Ҷинпинро дар пешбурди бомуваффақияти муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷкистону Чин ба таври хосса таъкид карданд.

Дар ин қарина ҷонибҳо баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин роҳҳои алоҳидаи рушду густариши онҳоро дар шароити имрӯзаи  байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, аҳаммияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамдастии ҷонибҳо, пешбурди фаъолонаи масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба ва татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада, инчунин, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкориҳои ду кишвар ва тавсеаи онҳо дар арсаҳои мухталиф, бо шумули соҳаҳои тиб, дорусозӣ, технологияҳои нав ва навоварӣ, таъкид гардид.  

Дар рафти сӯҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Дар ин зимн ба равандҳои ташвишовари афзоиш ёфтани зуҳуроти бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ чун натиҷаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус диққати махсус дода шуд. Тадбирҳои амалии аз ҷониби ду давлат андешидашаванда, ки ба мубориза бо “Ковид-19”  ва паст кардани шиддати таъсири манфии пандемия ба низомҳои миллии иқтисод ва тандурустии ҷонибҳо  нигаронда шудаанд, инчунин мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Пешвои кишвари мо сипоси худро ба ҷониби Чин барои дастгирӣ ва расонидани кумак ба Тоҷикистон дар давраи пандемия иброз доштанд. Инчунин ба изҳороти Сарвари Чин дар хусуси он, ки ҷониби Чин ваксинаи коронавируси навро, ки ихтироъ хоҳад кард, ният дорад дастраси тамоми ҷаҳон гардонад, баҳои баланд дода шуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби худ  амалу қарорҳои роҳбарияти Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятӣ баланд арзёбӣ кард.

Сарони ду давлат қаноатмандии худро аз ҳамкории   кишварҳояшон дар чорчӯбаи  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама дар доираи СММ, СҲШ ва МҲТБО (СВМДА), изҳор намуданд.

Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои ду кишвар дар минбаъда низ идомаи мантиқӣ хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520