Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

07.07.2020 18:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис, 

Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.  

Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520