Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик дар шаҳри Ҳисор

22.07.2020 11:55, шаҳри Ҳисор

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.

Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ - истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

 Аз рӯи ҳисоби миёна корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо ба ғайр аз қубурҳои асбестӣ ва шифер қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар маҷмӯъ 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.

Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот - шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз хати дигари муосири технологӣ - истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешавад.

Ашёи хом аз ҷумла тунука барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор ин аввалин корхонаест, ки бо иқтидори зиёд шифер ва қубурҳои асбестию оҳаниро истеҳсол менамояд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 40 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.

Бояд қайд намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда, дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Соҳибкор дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳад дод.

Ғайр аз ин дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ҳамзамон коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо низ ба роҳ монда шудааст, ки он дар доираи дархост омода ва пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи маводи хурока ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда атрофи корхона дар масофаи беш аз 1 километр мумфарш гардидааст.

Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубар ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520