Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020 09:30, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода   07.09.2020

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти бунёди он коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.

Атрофи Парчами давлатӣ бо сангҳои гуногун оро дода шуда, тамоми роҳравҳо сафолакпӯш гардидааст. Масоҳати гулгашти майдони Парчами давлатӣ беш аз 3 ҳазору 790 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қобил ба зикр аст, ки дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин роҳҳои атрофи майдони Парчам дар масоҳати 1200 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидааст, ки барои рафтуои бемамониати нақлиёт мусоидат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 367 иншоот дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз аллакай 182-тои он пурра ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳо идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520