Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2020 15:06, шаҳри Душанбе

Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

 Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ, зикр гардидаанд.

Муаллифони барқияҳои табрикотӣ ҳамчунин таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба Сарвари давлати мо некуаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби муҳтарам,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва инчунин аз номи худам, шодам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрику муборакбод намоям.

Дӯстии Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар робитаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ ва биниши муштарак дар бораи сулҳ ва шукуфоии минтақавӣ асос ёфтааст. Дар ин давраи бӯҳрони ҷаҳонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои стратегии дуҷониба ва кор дар самти таъмини некӯаҳволии мардум, боз ҳам муҳимтар гардидааст. Боварӣ дорам, ки таҳти роҳбарии шумо, муносибатҳои мо минбаъд низ тавассути саъйҳои муштарак рушд ва густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо Ҷаноби Олӣ тундурустии комил ва осудаҳолӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафти минбаъда ва шукуфоиро таманно менамоям.

Ҷаноби мӯҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам”.

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолӣ дар роҳи давлатсозӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Итминон дорам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонае, ки байни кишварҳои мо вуҷуд доранд, минбаъд низ ба таъмиқи ҳамкории мутақобилан судманди Арманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Ҷумҳури Тоҷикистон,

Масаррат дорам ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиби табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари он кишвар иброз намоям. Хушҳолам, ки равобит ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо дар натиҷаи манофеи муштарак густариши мазид ёфта аст.

Ҷалолатмаоб Раисҷумҳур,

Суҳбат ва табодули назар болои тақвияти робитаҳо ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо, ки дар ҳафтаи гузашта аз тариқи телефон сурат гирифт, сабаби хушии ман гардид. Ҳимоят ва пуштибонии давлати Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ ва хадомоти марбут ба он, ки аз суи давлати Афғонистон рӯи даст гирифта шудааст, барои мо хеле ҳам аҳамият дорад. Ман аз итминони Шумо дар замина, як бори дигар изҳори миннатдорӣ менамоям.

Зимни орзуи тавсеа ва таҳкими ҳарчӣ бештари равобит ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо сиҳат ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва саодату тараққии бештари мардуми бародари Тоҷикистонро хоҳонам».

Дар табрикномаи Императори Япония Наруҳито чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бисёр хушҳолам, ки ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва таманиёти неки худро ҷиҳати хушбахтии Шумо ва некуаҳволии мардуми кишвари Шумо ирсол менамоям».

Дар паёми шодбошии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният табрикоти самимона ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол менамоям.

Бо истифода аз фурсат дар айёми кунунии хавотирангез ба Шумо, пеш аз ҳама, тансиҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Грузия Саломе Зурабишвили дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ!

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати  Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Бо камоли мамнуният мехоҳам таъкид намоям, ки асоси муносибатҳои миёни Грузия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро усули дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар ташкил медиҳад. Изҳори итминон менамоям, ки мо метавонем ҳамкории дуҷонибаамонро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак рушд бахшем.  

Бо истифода аз фурсат ба Шумо дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар табрику таҳнияти Подшоҳи Испания Фелипе чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент,

 Ман дар якҷоягӣ бо Ҳукумат ва мардуми Испания мехоҳам табрикоти самимонаи ин ҷонибро ба муносибати ҷашни Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ арз намоям.

Лутфан, Ҷаноби Президент, беҳтарин таманниёти маро  бо орзуҳои некуаҳволӣ ба шахсияти Шумо ва сулҳу шукуфоӣ барои мардуми гиромии Тоҷикистон қабул фармоед».

Генерал-губернатори Канада Ҷули Пайетт дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси маротиби хушнудии ин ҷониб аст, ки аз номи мардуми Канада Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи истиқлоли кишваратон табрик менамоям.

Канада муносибатҳои худро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ менамояд. Суҳбати телефонӣ миёни вазирони корҳои хориҷиамон, ки чанде пеш доир гардида буд, инчунин ҳамкорӣ дар самти идораи захираҳои об, аз ҷумла нишасти кории «Канада-Осиёи Марказӣ» дар мавзӯи об дар соли 2019 далели ин гуфтаҳост. Мо перомуни ғояи таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамон дар ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус тағъйирёбии иқлим ва ҳамкории бисёрҷониба, содиқ мемонем.

Канада муҳиммияти шарикии зичро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамагирии COVID-19, таъкид менамояд. Расонидани кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо паҳншавии  вирус тавассути Кумитаи байналмилалии салиби сурх ва ҳилоли аҳмар боиси изҳори хушнудии мост. Бо инобати тадбирҳои вокунишии ҷаҳонӣ Канада ҳамроҳ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷамайка 28 майи соли равон чорабинии сатҳи баландро даъват намуд ва дар он  мушаххасоти масъалаи маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва рушд дар шароити ҳолати фавқулода, ки бинобар COVID-19 ба миён омадааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ман хоҳони имконоти оянда баҳри идома додани муносибатҳоямон мебошам.

Дар робита ба ин, лутфан, таманниёти неки ин ҷонибро қабул фармоед».

Шоҳи Малайзия Ас-Султон Абдулло Риъятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пеймайсури Агонг ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон самимитарин ва гармтарин таманниёти худро ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди  Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон иброз медорем.

Мо сидқан умед дорем, ки бо пешвоии тавонои Ҷаноби Олӣ равобити зичи ду кишвари бо ҳам бародари мо минбаъд ҳам рушду инкишоф хоҳанд ёфт.

Таманно дорем, ки Оллоҳи Таъоло ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон сиҳатмандии комил ва сулҳу шукуфоӣ ато фармояд».

Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Шуморо, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Муғулистон ва шахсан аз номи худам ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Муғулистону Тоҷикистон дар оянда ҳам ба нафъи мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому беҳтарин таманниёт ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям».

Генерали мустаъфӣ, Сарвазири Тайиланд Прают Чан-о-ча дар номааш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шарафёбам аз номи Ҳукумати Шоҳигарии Тайиланд ва мардуми он ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Итминон дорам, ки равобити дӯстона ва ҳамкории  мавҷудаи  байни кишварҳои мо минбаъд  ҳам ба нафъи ҳарду кишвар ва мардумонамон таҳким хоҳанд ёфт. 

Ҷаноби Олӣ, лутфан, таҷдиди ғояти эҳтиромоти фоиқаи маро қабул фармоед».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехостам табрикоти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо таҳвил намоям.

Муносибатҳои хуб ва эътимоднок миёни ду кишварамон ба мо имкон доданд, то масъалаҳои муҳими ҷаҳониро дар якҷоягӣ баррасӣ намоем. Ман омодагии худро ҷиҳати идомаи ин ҳамкорӣ баён менамоям. Аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам бори дигар ӯҳдадории Швейтсарияро ҷиҳати дар сатҳи хуб нигоҳ доштани робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям.

Аз номи Ҳукумати Федералӣ, мехостам ҳисси якдилии моро дар замони буҳрони санитарӣ баён намоям.

Ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ, шукуфоӣ ва муваффақиятҳоро орзу менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ,  ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Дар табрику таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимӣ аз номи мардуми Украина ва аз номи манро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Кишвари Шумо 29-мин солгарди соҳибистиқлолии худро  ба ҳайси давлати бар нафъи некӯаҳволии шаҳрвандонаш босуръат рушдёбанда ҷашн мегирад. 

Ман фаъол гардонидани ҳамкориҳои байни Украина ва Тоҷикистонро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  ҳамчун яке аз самтҳои калидии фаъолияти Украина дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо ба таъмиқи ҳамкориҳои самарабахши мо дар асоси эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ мусоидат карда, муносибатҳои байни давлатҳои моро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

 Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу ризоят ва шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро мерасонам.

Ба кишвари Шумо, шахсан ба Шумо ва тамоми сокинони Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва дар бунёди ҷомеаву давлати муосир маваффақият хоҳонам.

Инчунин, Ҷаноби Президент бо ибрози олитарин эҳтиромот ба Шумо муваффақият, саломатии қавӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

«Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Худованд ҳифзатон кунад,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид Оли Наҳён омадааст:

«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бо хушнудӣ ва шарафмандии бузург Шуморо бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва саодат, инчунин ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯи минбаъда таманно дорам!

Эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред!».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиву қалбии маро бипазиред.

Баъд аз интихоби таърихии роҳи бунёди давлати мустақил, мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо тавонист, ки дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба ҳадафҳои стратегии пешорӯ доштааш ноил гардад.

Тоҷикистони имрӯза соҳиби истиқлолияти энергетикӣ буда, мушкилоти коммуникатсиониро муваффақона пушти сар намудааст ва бо боварӣ масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодиро ҳал карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ дар силсилаи сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовореро ба даст оварда, ба омили муассири таъмини амнияту субот, мутаносибӣ ва рушди устувори макроминтақаи худ табдил ёфтааст.

Вазъияти мураккаби муосир зарурати ҳамкории ҳамоҳангшудаву васеъро ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатароти нав бори дигар тасдиқ намуд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, вобаста ба саҳми худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷиҳати дастгирии сулҳу тараққиёти минтақа нақши муҳим мебозад.

Иҷозат диҳед, бо истифода аз имкони бадастомада, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳои беандоза ва ба мардуми бародари тоҷик накуаҳволиву шукуфоӣ орзу намоям».

Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа дар номааш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Сарафрозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба намояндагӣ аз мардуми Шоҳигарии Баҳрайн, беҳтарин таманниёти атрогини худро ба муносибати таҷлили Иди Истиқлоли Миллии кишваратон ирсол намоям.

Бо истифода аз ин фурсат, шахсан ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тандурустӣ ва бахту саодати бардавом ва ба мардуми кишвар таҳти роҳбарии оқилонаи шумо пешрафт ва шукуфоии рӯзафзунро орзу менамоям».

Султони Умон Ҳайсам ибни Ториқ дар барқияаш гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ

Мо хушнуд аз онем, ки табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоем. 

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо хушбахтӣ ва сиҳатмандии комил ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рушду рифоҳи бардавомро орзумандем”.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гармтарин табрикоту шодбошиҳои худро иброз медорам.

Бори дигар азми қавии Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро ҷиҳати дастгирии иқдом ва ҳадафҳое, ки Ҳукумати Шумо дар бобати шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ, ҳамчунин фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои тамоми мардуми кишвари бузурги Шумо эълом намудааст, тасдиқ менамоям.

Барои сулҳу субот  ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуо мекунам ва ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, орзӯҳои накӯи бародарона ва эҳтироми бепоёни худро изҳор менамоям».

Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI  Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ, Бародари азизам,

Ба муносибати рӯйдоди фархунда - солгарди Истиқлоли кишваратон, ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму самимонаи худро ирсол медорам.

Ҳамчунин ба Шумо аз муносибатҳои байни кишварҳоямон, ки бар бародарию ҳамбастагӣ асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунам.

Шуморо мутмаин месозам, ки минбаъд низ барои таҳкими ин муносибатҳо ва баланд бардоштани ҳамкории дуҷонибаамон то ба сатҳи ормонҳои ду халқи бародарамон якҷо бо Ҷаноби Олӣ кор мекунем.

Лутфан, ҷаноби Президент, бародари азиз, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Попи Рум Франсиск зимни табрикоти худ овардааст:

«Таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман имкон фароҳам меорад, ки табрикоти самимии худро ба Шумо расонида, барои Шумо ва ҳамватанонатон саодатмандиву шукуфоӣ орзу намоям.

Бо истифода аз  фурсати фараҳбахш мехоҳам ҳамдилии худро бо кишвари Шумо, ки имрӯзҳо дар роҳи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва таъсири оқибатҳои манфии он ба ҳаёту накуаҳволии ҳамаи шаҳрвандон қарор дорад, таъкид намоям.

 Аз Худованди Қодиру Тавоно масъалат дорам, ки ба Шумо дар бунёди миллате, ки ҳар фарди он посдори  сулҳу ваҳдат аст, мададгор бошад.

Аз самими қалб дуо мекунам, ки Худованди Мутаъол баракоти фаровони худро ба Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон ато фармояд».

Дар барқияи табрикии Шоҳи Шветсия Карл Густав XVI навишта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимона ва беҳтарин таманниёти маро ҷиҳати  некуаҳволӣ ба Шумо ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Президенти Эстония Керсти Калюлайд дар паёми шодбошии худ ба Сарвари давлати мо зикр мекунад:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самими худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Иди миллӣ мерасонам.

Ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ орзумандам.

Умедворам, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии тарафайн мебошанд, ба зинаи боз ҳам баландар рушд хоҳанд ёфт.

Суханони дастгирии маро ба мардуми Тоҷикистон бинобар  ҳамагирии COVID-19  қабул фармоед.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Юнон Катерина Сакелларопулу чунин омадааст:

«Ба муносибати ҷашни Истиқлоли кишваратон, аз номи мардуми Юнон ва аз номи худам ба Шумо табрикот ва таманниёти самимии некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва шахсан Шуморо мерасонам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Болгария Румен Радев чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлол лутфан табрикоти ин ҷониб, ҳамчунин таманниёти некӯаҳволӣ ва комёбиҳои навро ба мардуми кишвари Шумо қабул намоед.

Сидқан умедворам, ки таҳкими ҳамкории дӯстона ва робитаҳои шарикии байни Ҷумҳурии Болгария ва Тоҷикистон дар заминаи судмандии мутақобила ва имкониятҳои муосир дар ҳама арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт.

Унвонии Шумо таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти бамаротиб сермасъулатон изҳор намуда, лутфан, Ҷаноби Олӣ, қабули ғояти эҳтироми ин ҷонибро хоҳишмандам”.

Генерал-губернатори Австралия Дэвид Хёрли дар номаи табрикотии худ навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти неки худ, ҳукумат ва мардуми Австралияро мерасонам.

Имрӯз, вақте кишварҳои саросари ҷаҳон талошҳои худро барои ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19 муттаҳид менамоянд, ҳамбастагии байналмилалӣ беш аз пеш муҳим мебошад.

Иҷозат фармоед, изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд хоҳанд кард».

Капитан-регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан-Марино ҷаноби Алессандро Манчини ва хонум Гратсия Тсафферани зимни табрикоти худ овардаанд:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Сан-Марино ва аз номи худ таманниёти беҳтаринамонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми ба мо дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорем.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои самимии моро ҷиҳати некуаҳволии шахсии Шумо, рифоҳ ва пешрафту шукуфоии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Президенти Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатии хешро таҷлил менамояд ва ба ин муносибат бо камоли сарфарозӣ шахсан аз номи худ, Ҳукумати кишвар ва миллати Алҷазоир ба Шумо, Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти самимонаи хешро изҳор намуда, бароятон саломатии бардавом ва саодатмандӣ ва ба миллати дӯсту бародари Тоҷикистон пешравӣ ва рушди сулҳу амнияти комилро таманно менамоям.

Ҳамзамон, бо истифода аз ин фурсати муносиб, омодагии хешро баҳри ҳамкории мутақобил бо Шумо дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстиву бародарӣ, ки ҷиҳати муттаҳидии Алҷазоиру Тоҷикистон ва инкишофи равобити судманди ду кишвар дар тамоми соҳаҳо саҳм мегузоранд ва ҳифзи манфиатҳои муштараки мардуми бародари ду кишварро дар расидан ба ҳадафҳои созанда таъмин менамоянд, арз медорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Словакия Зузана Чапутова зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словакия ва шахсан аз номи худам Шуморо бо иди миллии кишваратон - Рӯзи истиқлол табрик мегӯям.

Бо хушнуди муносибатҳои неки Словакия ва Тоҷикистонро зикр менамоям ва итминон дорам, ки онҳо минбаъд низ ба манфиати шаҳрвандони ҳарду кишвар густариш меёбанд. Бо назардошти мушкилоти ҷаҳоние, ки мо ҳамчун ҷомеаи байналмилалӣ дучор меоем, ҳамкории мутақобила беш аз пеш муҳим мегардад.

Муҳтарам Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсати муносиб, ба кишвари Шумо ва ба тамоми шаҳрвандони он субот, шукуфоӣ ва рушди муваффақонаи демократиро таманно менамоям».

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худам мехоҳам ба Шумо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон таманниёт ва табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонам ва ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, бурдборӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафтҳои беш аз пеш, инчунин таҳкими робитаҳои зич байни ду кишварро дар солҳои баъдӣ орзумандам.

Эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.

Дар паёми табрикотии Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос омадааст:

«Боиси хушнудист, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ва дар симои Шумо Ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва шахсан аз номи худам ба муносибати фарорасии Иди истиқлол сидқан муборакбод намоям. Ба кишвар ва халқи Шумо баракату гулгулшукуфоиро таманно менамоем.

Ба муносибати ин Иди пуршараф ташаккури бародаронаи худро барои дастгирӣ ва мавқеи устувор ва одилонаатон нисбат ба мушкилоти мо барои ба даст овардани ҳуқуқхои шаръӣ барои озодӣ ва истиқлолият, эҳтиромона иброз медорем.

Лутфан, таманниёти беҳтарини моро қабул намоед. Хоҳони онем, ки Шумо, кишвари Шумо ва халқи ба мо бародари тоҷик доимо саломат ва хушбахт бошед ва робитаҳои мустаҳками таърихӣ ва бародаронаи мо минбаъд низ густариш ёбанд».

Президенти Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри—Ланка – Готабая Раҷапакса дар табрикоти худ гуфтааст:

«Ҷаноби олӣ,

Бароям шараф аст, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри Ланка, Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда бароятон хушиҳои беҳтаринро таманно менамоям.

Шри Ланка ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои бардавомро бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба роҳ мондаанд.  Мутмаинам, ки ҳамкории дуҷонибаи мо боз ҳам густариш меёбад.

Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, эҳтироми волои маро бипазиред ва ба шумо саломатӣ ва рафоҳ таманно мекунам».

Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман дар табрикоти худ гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед, аз номи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик гӯям!

29-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушди бемайлони кишвар, татбиқи дигаргуниҳои демократӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқи афзалиятҳои дарозмуддати рушди давлат, инчунин таҳкими амният ва соҳибихтиёрӣ таҷлил карда мешавад.

Бояд болоравии нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, ки ҷонибдори муколамаи ошкоро ва созанда ҳам бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироӣ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад, тазаккур дод.

Маркази минтақавӣ ҳамкории мавҷударо бо роҳбарияти Тоҷикистон дар самти истифодаи иқтидори дипломатияи боздоранда, ки ба таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди устувор мусоидат мекунад, баҳои баланд медиҳад.

Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ичозат диҳед, ба Шумо саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар мансаби олии давлатӣ муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу рифоҳ таманно намоям»!

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520