Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

24.09.2020 16:01, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин   24.09.2020

Дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебогии дигар зам мекунад.

Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Бино аз 6 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 16 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб шуда, бино бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилоъ, аксари кормандони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  ҷавонон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, ба сохтмончиён барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.

Роҳбари давлат аз кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520