Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи хурди истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахш дар маҳаллаи Тутаки Ховалинг

25.09.2020 17:55, ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи корхонаи хурди истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахш дар маҳаллаи Тутаки Ховалинг  25.09.2020

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Тутаки шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, корхонаи хурди истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи 4 – уми миллӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Ховалинг Шамшод Имомов дар мудати қариб 1 сол сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти ҶДММ «Оби Ховалинг» ба истеҳсоли обҳои рангаи ташнашикан дар зарфҳои полимерии ҷавобгӯи талаботи санитарии қутрашон 0,5, 1,5 ва 5 литра ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 12 ҳазор зарфро ташкил медиҳад, ки ин ба 18 ҳазор литр баробар аст. Об аз чуқурии 130 метр тариқи насосҳои махсус бароварда шуда, пас аз санҷиши лабараторӣ ба истеҳсолот ворид карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолии корхона аз меваҳои анор, шафтолу, зардолу иборат буда, пас аз гузаштани 4 марҳила дар шакли газнок ва бе газ омода гардида, бо тамгаи «Оби Ховалинг» ба бозори истеъмолӣ пешкаш мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст, ҳам суръат ва ҳам сифати истеҳсолотро таъмин сохта, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар корхонаи мазкур васлу насб шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи истеҳсолии навтаъсиси замонавӣ дар шароити кӯҳистон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» бунёд ёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки ҶДММ «Оби Ховалинг» дар ноҳия якумин корхонае ба шумор меравад, ки ба истеҳсоли обҳои ташнашикани рангаи газнок ва бе газ магшу ласт. Бо ба фаъолият шуруъ намудани корхонаи мазкур 40 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба бунёди хати истеҳсолии коргоҳи бандубасти асал ҳусни оғоз бахшида, бо лоиҳаи хатҳои истеҳсолӣ аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хати истеҳсолии мазкур бо дарназардошти зиёд будани имкониятҳои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг таъсис дода шуда, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад намуд.

Оянда дар он асали тозаи кӯҳистон дар шаклҳои гуногун бандубаст гардида, баробари таъмин сохтани бозорҳои истеъмолии кишвар, ҳамзамон содироти он ба кишварҳои хориҷа низ бароҳ монда мешавад.

Пешвои муаззами миллат ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг боздид намуданд. Дар намоиши мазкур маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезиҳо, навъҳои гуногуни картошка, пиёз, ба миқдори беш аз 2 тонна каду, мевагӣ ва галладонагиҳо ба маъраз гузошта шуд.

Мутобиқи маълумот дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 5 ҳазору 898 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум 5 ҳазору 582, лубиёгиҳо 216, картошка 735, сабзавот 321, зироати техникӣ 489 ва полезиҳо 43 гектарро ташкил менамоянд.

Ҳосили имсолаи алладонагиҳо 13 ҳазору 555 тоннаро ташкил намуда, аз он 13 ҳазору 30 тонна гандум, 315 тонна лубиёгиҳо, 10 ҳазору 27 тонна картошка, 3 ҳазору 19 тонна сабзавот ва 60 тоннаро полезиҳо ташкил намуданд.

Зимни боздид аз намоиши дастоварди соҳаи кишоварзӣ ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини корами обӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ноҳия дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Рушди соҳаи богутокпарварӣ барои солҳои 2015 – 2020» 592 гектар богҳои нав бунёд гардидааст, ки ки ин аз барзиёд иҷро гардидани барномаи мазкур дар ноҳияи Ховалинг шаҳодат медиҳад.

Майдони богҳои ҳосилдеҳ дар ноҳия 2 ҳазору 33 гектарро дар бар мегирад ва аз ин заминҳо имсол 6 ҳазору 19 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Дар як гӯшаи дигари ҳамин мавзеъ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи КВД ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» техникаву дигар мошинолоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 65 трактор ва 8 комбайни галладарав муаррифӣ карда шуд.

Мутобиқи маълумот корхона то ҳол ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, шаҳрвандон ва марказҳои хизматрасонии техникӣ дар маҷмуъ 2 ҳазору 160 адад техникаи гуногунтама, зиёда аз 6 ҳазор адад таҷҳизот ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тариқи иҷораи молиявӣ дода шудааст.

Аз ҷумла ба ноҳияи Ховалинг беш аз 40 адад техникаи гуногунтама ва 120 адад таҷҳизот дода шудааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди корхона коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли яхмос бароҳ монда шудааст. Бодарназардошти дар кӯҳҳу пушта ва талу теппаҳои қаламрави ноҳия фаровон будани гулу гиёҳҳои шифобахш, масъулин тасмим гирифтанд, ки дар назди корхона коргоҳи хурди бандубасти гиёҳҳои шифобахшро дар қуттиҳои гуногуни қогазин роҳандозӣ намоянд.

Танҳо дар коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва яхмос 6 нафар фаъолият намуда, ба бандубасти халтачаҳои қоғазин машғул мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими хатнасури 40 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд ширкат варзида бо онҳо суҳбату мулоқоти самимона анҷом додан ва ба ҳаряки онҳо туҳфаҳои хотиракӣ тақдим карданд.

Шодиву хурсандии тифлаконро ҳаду канор набуд. Зеро онҳо шахсан аз дасти Президенти маҳбуби худ, туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.

Дастурхони идонае, ки ороста шуда буд шодиву нишоди дӯстрӯяконро боз ҳам дучанд гардонид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520