Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими тӯҳфа ба 50 нафар ятими кулл дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020 10:18, ноҳияи Рӯдакӣ
Тақдими тӯҳфа ба 50 нафар ятими кулл дар ноҳияи Рӯдакӣ   01.10.2020

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази хизматрасонии “Саманд” бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо бевосита аз дасти Пешвои муаззами хеш тӯҳфаҳо гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ 2569 нафар кӯдакони ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 103 нафараш ятими кулл мебошад ва зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, касбу ҳунар ва аз азхуд кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.

Дар давоми 29-соли Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва буду боши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Кӯдакон зимни баромад миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити зиндагии ин табақаи ниёзманди ҷомеа баён дошта, қавл доданд, ки касбу ҳунарҳои муосирро меомӯзанд ва бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази хизматрасонии “Саманд”, ки мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар он баргузор шуд, дар доираи тадбирҳои созандагӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ навсозӣ гардида, атрофи иншоот чароғон карда шудааст.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520