Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Меҳвари Душанбе” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

08.10.2020 13:38, шаҳри Ваҳдат
Ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Меҳвари Душанбе” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат  08.10.2020

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷо оварда шуда, ҳамчунин барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо ба ҳамин масофа бо воситаи қубурҳои оҳанӣ об оварда шудааст.

Масоҳати умумии гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳавзҳои моҳипарварӣ 30 ададро ташкил менамоянд, ки масоҳати онҳо гуногун буда, аз 100 то 300 метри мураббаъро ташкил намуда, дар онҳо имкони аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш кардан мавҷуд аст.

Дар ҳавзҳои мазкур парвариши моҳиҳои навъи гулмоҳии шоҳона ва осётра аз тухми кирмина оғоз мегардад.

Айни замон дар ҳавзҳои мазкур 5 тонна моҳӣ парвариш карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши моҳӣ дар ҳавзҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар оянда дар назди ҳавзҳои моҳипарварӣ коргоҳи коркарди моҳӣ низ ташкил карда мешавад. 

Ёдовар мешавем, ки соҳибкор - роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев, ки дар соҳаи моҳипарварӣ таҷрибаи хуб дорад, аз соли 2019 дар кӯли Муъминобод фаъолияти  моҳипарвариро оғоз намудаанд ва 25 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти он шинос шуда буданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” барои талошҳо баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нав корӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520