Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун”

14.10.2020 11:08, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун”   14.10.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти оқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ориёно” бо суръат идома дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргарону мутахассисон ва суҳбати озоду самимӣ ба онҳо дастуру ҳидоят доданд, ки  қабл аз  ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Фаъолияти босамар ва  шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон  фароҳам овард, ки  дар  иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбад.

Корҳои нақбкании  шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз  ҷониби коргарони “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ”-и Норак  тибқи риояи  талабот   ва   меъёрҳои  сохтмонӣ анҷом дода шуда истодааст.

Дар иншооти  обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”  аз техникаву механизмҳои муосир истифода шуда, тавассути онҳо корҳои  сохтмонӣ бо  сифати баланд анҷом дода мешавад.

Президенти тозаинтихоби  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  рафти корҳои сохтмонӣ  ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти  обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баҳои баланд доданд.

Коргарону мутахассисон  бо  азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “ Роғун”  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат кашида,  барои  анҷоми муваффақона ва  босифати  корҳо беш аз  ҳар вақта саъю  талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520