Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон

16.10.2020 13:00, шаҳри Гулистон
Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон   16.10.2020

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғоз бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии “Мурғи аълосифат” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвиз Бобоев моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфта, биною иншооти махсуси соҳавӣ барои парвариши паррандаи гуштии бройлерӣ, забҳ, коркарду банду баст ва нигоҳдории гушти парҳезии парранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Ба фаъолияти марҳилаи аввали фабрикаи паррандапарварӣ 22 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз бахшида, ба соҳибкори ватанӣ ва роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Гулистон дастуру супориш дода буданд, ки саршумори паррандаи гуштиро зиёд намуда, коркарду банду басти гушти парҳезии паррандаро дар технологияи пешрафта дар дохили корхона ба роҳ монанд ва ба бозори истеъмоли гушти паррандаро дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифат пешниҳод намоянд.

Дар муддати 6 моҳи гузашта масъулону мутахассисон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” боз 4 иншооти нави паррандапарвариро бо сарфи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтаю муҷаҳҳаз намуданд, ки дар онҳо 80 ҳазор сар чуҷа парвариш меёбад.

Дар коргоҳ барои то 75 нафар коргарону мутахассисон ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Иқтидори корхона дар 1 сол ба истеҳсоли зиёда аз 2 ҳазор тонна гушти парранда расонда мешавад.

Ҳамчунин, коргоҳи коркарду банду басти маҳсулот муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти технологии навтарини истеҳсоли Федератсияи Россия мебошад ва дар кишвар нахустин бор чунин усули коркарду банду басти гушти мурғ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” ҷорӣ гардид.

Муассис ва мутахассисони корхонаи “Мурғи аълосифат” комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гушти парҳезии паррандаро таъсис доданд, ки ҳамаи марҳилаҳои парвариши чуҷа ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гушти аълосифати паррандаро дар бар мегирад.

Ширкат дорои иншооти паррандапарварӣ, инкубатории чуҷабарорӣ, коргоҳи забҳи парранда бо тарзи фабрика, коргоҳи коркарду банду баст, амбор - сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр, коргоҳи истеҳсоли хурокаи парранда, озмоишгоҳ, амборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдошти зооветеринарӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чуҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Чуҷаҳо дар коргоҳи инкубатории худӣ истеҳсол мегарданд.

Дар фабрикаи паррандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии хаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд. Хурокаи парранда дар худи корхона истеҳсол мегардад.

Бо таъсиси коргоҳи хурокаи парранда бо иқтидори зиёда аз 50 тонна истеҳсоли 5 намуд ғизои парранда дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст.

Ғизои чуҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо - гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпарпаст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад.

Дар намоишгоҳи корхона беш аз 15 намуди маҳсулоти гушти парҳезии парранда пешниҳод карда шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз тарафи ин корхонаи паррандапарварӣ аввалин шуда, дар баробари гушти парранда, бисёр навъу намуди маҳсулоти аз гушти парранда истеҳсолшуда дар коркарду банду басти хоса пешниҳод гардидаанд, ки барои истеъмол мувофиқ мебошанд.

Яъне дар корхона гушти парранда пурра коркард гардида, ба харидор пешниҳод мешаванд.

Имрӯз дар вилояти Суғд 125 корхонаи паррандапарварӣ мавҷуд буда, фаъолияти 25-тои онҳо махсус барои истеҳсоли гушти парҳезии парранда равона карда шудааст. Бо саҳми чунин соҳибкорони вилояти Суғд дар муҳлатҳои наздик ба он ноил мешавад, ки бозори истеъмолӣ бо тухму гушти парранда пурра таъмин гардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520