ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Расулзода Қоҳир
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Расулзода Қоҳир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№25
ҚОҲИР Расулзода
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 8 марти соли 1961 Ҷои таваллуд ноҳияи Б. Ғафуров
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1982 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон,
соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандис-гидротехник, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои техникӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2001 «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1977 – 1982 |
Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1982 – 1985 |
Техник-лаборанти лабораторияи сохтмонӣ, муҳандиси шӯъбаи истеҳсолии Иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой», шаҳри Ғафуров |
Солҳои 1985 – 1996 |
Усто, прораб, муҳандис, сармуҳандис, сардори Колоннаи сайёри механиконидашудаи №4-и Иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой», шаҳри Ғафуров |
Солҳои 1996 – 2000 |
Cардори Иттиҳодияи «Ирсовхозстрой», шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2000 – 2006 |
Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2013 |
Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2013-2020 |
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз ноябри соли |
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |