Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сатториён М.А.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Сатториён Матлубахон Амонзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№28

 

 

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода

аз 03 ноябри  соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  19 сентябри соли 1972  Ҷои таваллуд  ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат   тоҷик                                          Маълумот          олӣ

Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст.

Ихтисос    муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ   номзади илмҳои филологӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, форсӣ

Вакили халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   - соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994

Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1994-2002

Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2002-2003

Муовини декан, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2003-2008

Сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илм, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2008-2011

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд

01-08 соли 2011

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд

Солҳои 2011-2014

Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Солҳои 2014-2018

Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Солҳои 2018-2020

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520