Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қаҳҳорзода Ф.С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№36

 

 

 

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор

 

аз  03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд   5 августи соли 1971           Ҷои таваллуд  ноҳияи Восеъ

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      иқтисодчии байналхалқӣ  

Кадом забонҳои хориҷиро медонад        русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1988-1989

Коргари нуқтаи пахтақабулкунии ноҳияи Восеъ

Солҳои 1989-1992

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС  

Солҳои 1992-1997

Донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,

Солҳои 1997-1998

Сардори хадамоти бехатарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Солҳои 1998-2001

Ҳисобдорӣ дараҷаи III, иқтисодчии дараҷаи I, муовини сардори шӯъбаи муомилоти пулии ҶСК «Ориёнбонк»

Солҳои 2001-2004

Сардори шӯъбаи назорати асъорӣ, сардори шӯъбаи назорати асъорӣ ва қарздиҳӣ, ҷонишини Директор-сардори Идораи амалиётҳои асъори Департаменти ҶСК «Ориёнбонк»

Солҳои 2004-2008

Муовини Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Солҳои 2008-2010

Муовини директори Агентии хариди давлатии мол, о рва хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии назди  Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Солҳои 2010-2012

Муовини сардори Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             

Солҳои 2012-2015

Сардори Сарраёсати таҳлилӣ макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   

Солҳои 2015-2016

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Солҳои 2016-2017

Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

Солҳои 2017-2018

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Солҳои 2018-2020

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520