Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Ҷумъа Далер Шофақир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№43

 

 

 

Ҷумъа  Далер Шофақир

аз 03 ноябри соли 2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд   соли 1973               Ҷои таваллуд  шаҳри Хоруғ

Миллат  тоҷик                                Таҳсилот      олӣ

Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,
соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ, 
соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА,
соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро хатм кардааст.

Ихтисос муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодчӣ - муҳосиб,  идоракунии бизнес лоиҳаҳо, идоракунии бизнеси байналмилалӣ.

Унвони илмӣ     надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ ва англисӣ

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм ва чорум  ва шашум дар солҳои 2005-2010 ва 2010-2015, 2020-2025

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2019 Медали «Хизмати шоиста»

Вазъи оилавӣ      оиладор, соҳиби чор фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995-1997

Муҳандиси Институти илмӣ-тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»

Солҳои 1997-2002

Сардори Раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон

Солҳои 2002-2003

Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария

Солҳои 2003–2004

Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2004–2005   

Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA;

05.2006 – 08.2006  

Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА;

Солҳои 2006–2007   

Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон, Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

Аз апрели соли 2007
то имрӯз      

Директори генералии ҶСШК «Помир Энерҷӣ»,  роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520