Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза

26.11.2020 11:50, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза  26.11.2020

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, робитаҳои феълии Тоҷикистон ва Покистон фарогири соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, амният ва дигар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буда, бо назардошти имконияти мавҷуда, ба рушду густариши онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покистон нисбати аксари масъалаҳои умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд ва ин мавқеъгириҳо имкон медиҳад, ки ду давлат дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520