Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

03.12.2020 18:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Франсия Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи  мо гардид.  

Ҷаноби Жискар д’Эстен, ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуда, номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ҷаноби Жискар д’Эстен дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот низ боиси шинохти умум ва эҳтироми ӯ гардидаанд.

Лутфан тасалливу таъзияи самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми  мардуми дӯсти Франсия бирасонед».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520