ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 декабри соли 2020 №658
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои
давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Султонзода Зебонисо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон