Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ

05.11.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт як мактаби нави замонавиро мавриди истифода қарор дода, пешниҳод намуд, ки он мактаби 15 – солагии Конститутсияи Тоҷикистон номида шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як мактаби нави замонавӣ, ки барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст, иштитирок намуд.

Президенти мамлакат нахуст дар назди мардуми зиёди ҷамъомада ва устодону хонандагони мактаб ва ҳамчунин масъулини соҳаи маориф суханронӣ намуда, бо ифтитоҳи мактаби нав оғоз намудани чорабиниҳои тантанавии бахшида ба солгарди 15 –уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишона аз вусъати баланди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии мамлакат арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаб дар раванди мукаммалгардонии маҷмааи истиқоматии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо шароити мусоид барои фарзандони аҳолии он қадами намоён гузошта шуд, зеро то ин вақт ин маҳаллаи навбунёд мактаби худро надошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб, зимни суханронии худ вазъи муассисаҳои соҳаи маориф ва сифати таълиму тарбияи насли наврасро дар онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки мактабҳои пойтахт бояд ҳам аз ҷиҳати таъминоти моддию техникӣ ва ҳам сифати таълиму тарбия барои дигар минтақаҳои кишвар намунаи ибрат бошанд.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин мактаби зебои дорои шароити муосири таълиму тарбияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз китобхонаи мактабӣ оғоз ёфт. Маълум шуд, ки ғайр аз 4040 китобҳои таълимию бадеӣ ва илмию техникӣ дар ин ҷо ҳамчунин китобхонаи электронӣ мавҷуд аст ва дар он беш аз 7 ҳазор китобҳои гуногун ҷойгир шудаанд.

Зимни шиносоӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бинои мактаб бо харҷи қариб 12 миллион сомонӣ дар зарфи 5 моҳи охир бунёд ёфтааст.

Ин муассисаи таълимӣ аз се ошёна, 33 синфхона, се синфи компютерӣ, нуқтаи тиббӣ, маҷлисгоҳи дорои 240 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, ду толори варзиш ва майдончаи варзишӣ иборат аст. Синфхонаҳою лабараторияҳои фаннӣ ва ҳамчунин устохонаҳои ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла дуредгарӣ, челонгарӣ, оҳанбурӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ғайра бо асбобу анҷом таҷҳизоти зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гаштаанд.

Дар ҷараёни боздид аз шароити таълимии мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо хонандагони хурду калон ва устодони онҳо сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят кард.

Дар синфи санъати тасвирӣ яке аз хонандагон лоиҳаи сохтмони як мактаби навро нишон дод, ки аз ҷониби худи ӯ омода гаштааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз диду фаҳмиши ин мактаббачаи ҷавон оид ба тарҳи мактаб ва шароити таълимии он басо хушҳол шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520