Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

22.01.2021 11:24, шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  22.01.2021

22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор меравад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 21 марти соли 1947 ҳамчун “Университети давлатии Тоҷикистон” таъсис ёфта, аз 28 октябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кардааст.

Айни ҳол, Донишгоҳ дорои 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ - тадқиқотӣ, литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 9 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар 118 кафедраи донишгоҳ 1310 нафар устодон, аз ҷумла, 180 нафар доктори илм, 545 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, фаъолият менамоянд.

Дар донишгоҳ 725 нафар устодони дорои унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 55,3 фоизи онҳо кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Имрӯз шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 25 ҳазору 746 нафар мебошад, ки аз онҳо 18 ҳазору 775 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 5538 нафарро донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва 1433 нафарро магистрону докторантон ташкил медиҳанд.

Дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат таҳсилот дар донишгоҳ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, рӯз то рӯз имкониятҳо ҷиҳати илмомӯзӣ дар ин боргоҳи илм беҳтар карда мешаванд.

Давоми солҳои истиқлоли давлатӣ, маротибаи ҳаштум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар чорабиниҳои муҳими ин муассисаи олии таълимии мамлакат ширкат меварзанд ва дар ҳар як боздид барои бунёдкориҳои азим иқдоми нав амалӣ мегардад.

Аввалин маротиба соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандон вохӯрӣ анҷом доданд.

12 сентябри соли 1998 дар ҷумҳурӣ ҷашни 50-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академӣ драммавии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.

Ташрифи сеюми Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллӣ ба 31 августи соли 2007 рост меояд. Зимни ин боздид Сарвари давлат бинои хобгоҳи рақами 7-ро барои донишҷӯдухтарон ифтитоҳ карданд.

Маротибаи чорум 5 сентябри соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ  ташриф оварданд. Зимни ин боздид Пешвои миллат барои бунёди биноҳои нави таълимии Шаҳраки донишҷӯён хишти аввал гузоштанд.

Бахшида ба 60-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ Пешвои миллат 24 октябри соли 2008 ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз як қатор биноҳои мавҷуда ва иншооти нави сохтмонашон идомадоштаи донишгоҳ дидан карданд. Президенти мамлакат баъди боздид аз донишгоҳ бо устодону донишҷӯён дар толори Кохи Ваҳдати пойтахт вохӯрии хотирмон анҷом доданд.

1 сентябри соли 2010 бахшида ба Рӯзи дониш дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳи 4 бинои нави таълимии донишгоҳ - бинои факултетҳои физика, биология, геология, механикаю математика ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Белорус доир гардид.

6 марти соли 2015 Пешвои миллат ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, барои сохтмони бинои аввали хобгоҳи нави он санги асос гузоштанд.

Ташрифи ҳаштуми Сарвари давлат ба Донишгоҳ 20 майи соли 2020 сурат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагии хобгоҳи нави донишгоҳ, ки аз 12-ошёна иборат аст, боздид намуданд.

Маҳз бо талошҳои созандаи Пешвои миллат барои рушду такомули ин боргоҳи илм тадбирҳои арзишманд амалӣ шуд. Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат барои 8 факултет бинои наву замонавӣ бунёд гардид. Имрӯзҳо дар ҳамаи иншооти ҷавобгӯи талабот устодони донишгоҳ ба таълиму тарбия машғул буда, ҷавонон - насли ояндасози Ватан ба омӯзишу соҳибкасб гаштан фаро гирифта шудаанд.

Бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.

Иншоот аз осорхона, 73 синфхонаи дарсӣ бо ғунҷоиши аз 14 то 50 ҷойи нишаст, 5 толори калони маҷлисӣ дорои 100 ҷойи нишаст, 4 кабинети лингофонӣ ҳар кадом дорои 16 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии “1 С” барои омӯзиши нозукиҳои илми муҳосибӣ ва озмоишгоҳи инноватсионии технологияи муосири информатсионӣ иборат мебошад.

Дар осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳ нигораҳои аслӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои донишҷӯии Сарвари давлат, аксҳо ва ашёи хониш бахшида ба овони донишҷӯии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар як қисми дигари он маводҳо оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардидааст, ки бисёр ҷолиб аст.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар бинои наву замонавӣ ҷойгир карда шудааст, дар маҷмуъ 17 кафедра ва 27 ихтисос мавҷуд буда, 192 нафар устод, аз ҷумла ҳайати бонуфузи академикҳо, номзадҳои илм ва профессорон ба таълиму тарбияи 5048 нафар донишҷӯ машғуланд.

Дар ошёнаи якуми бинои факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таъсиси марказҳои инноватсионӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмии омӯзгорон ва муҳаққиқон “Маркази инноватсионӣ” таъсис дода шудааст.

Айни ҳол дар Маркази инноватсионӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз ҷумла, принтери чопи 3 ҳаҷма (3Д), сканери шаклгирандаи 3 ҳаҷма, воситаҳои айёнии кор бо унсурҳои нанотехнологӣ ва ҳаҷмашон хурду тимсолашон ба чашм ноаён ва компютерҳои пуриқтидори насли 9-ум мавҷуд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Маркази инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин марказ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияту афзалияти таъсиси он татбиқи самаранок, сифатнок ва камхарҷ таҷриба кардани маҳсули илмӣ, таъмини шароити зарурии корӣ барои ҳайати омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён мебошад.

Инчунин ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба варзиш майдончаи варзишии дар “Шаҳраки донишҷӯён”  буда, пурра таъмир карда шуда, ба талаботи замон мутобиқ гардидааст.

Ҳамзамон дар таҳхонаи иншоот 2 китобхона бо 308 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст, ки донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи муосири информатсионӣ, аз ҷумла, компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар ҳар як ошёна ҳуҷраҳои кории устодону кормандон, синфхонаҳои компютерию кабинетҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар утоқҳои лозима барои  омӯзгорону донишҷӯён бунёд гардидааст.  

Мавриди зикр аст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Азизӣ-сохтмон” бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба хотири ободу зебо гаштани  мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, тадбирҳои чароғоннамоиро низ ба сомон расонида, мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён”-ро ба як гӯшаи ободу зебо ва нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додаанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо донишҷӯёну омӯзгорон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз машғулиятҳои дарсӣ дар мавзеҳои сарсабз сайругашт карда, ифтихор аз Ватани ободу зебо менамоянд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро тӯҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуданд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар мароқ зоҳир карда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави факултаи иқтисодию молиявии донишгоҳ Сарвари давлат ба масъулини вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти донишгоҳи миллӣ дастур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ-русию англисӣ аз курси 1 то 5, яъне дар тамоми ҷараёни донишомӯзӣ ба роҳ монда шавад. Супоришҳо инчунин оид ба масъалаи ташкили шароити хуби иҷтимоӣ, аз қабили бунёди қаҳвахонаву ошхона ва ҷойи дастурушуӣ дар ҳар як бинои таълимӣ, таъмини ободии атофи биноҳо, корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии саҳни донишгоҳ дода шуд.

Тавре маълум гардид, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 25 ҳазор нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфта, 4 нафар ғолиб омадааст. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳро ба масъалаи ҷалби фаъоли донишҷӯён ба озмунҳо ва дигар тадбирҳои илмию фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои нави факултаи иқтисодию молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳолати имрӯзаи ҳудуди шаҳраки донишҷӯён ва нақшаҳои ояндаи бунёди дигар иншооти зарурӣ, аз қабили биноҳои нави таълимии факултаҳои донишгоҳ, хобгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон маълумот дода шуд.

Ҳудуди шаҳраки донишҷӯён, ки дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Душанбе дар соҳили рости дарёи Душанбе воқеъ мебошад ва масоҳати умумии замини он мутобиқи нақшаи генералӣ 82,0 га-ро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки давоми 10 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳрак якчанд бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд ва айни замон сохтмони биноҳои толорҳои варзишӣ, биноҳои иловагии хобгоҳҳо барои Донишгоҳи миллӣ идома доранд. 

Дар оянда бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ояндасоз бо бунёди иншооти наву замонавии биноҳои таълимӣ шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди иншооти нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ҳамаи талаботи меъёрҳои меъморӣ, масоҳати заминҳои ҳудуди мавзеъ ба инобат гирифта шуда, ба масъалаи муҳлат ва сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520