Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

30.01.2021 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Хурду бузурги Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни Сада, ки яке аз ойинҳои бисёр деринаи халқи бостонии мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Халқи тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ мегузорад, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд.

Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор мешавад.

Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд.

Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

Ин ойини нек муждарасони сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мебошад ва тибқи тақвими халқии тоҷикӣ пас аз анҷоми чиллаи калон баргузор мешавад.

Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ моҳияту фалсафаи ин ҷашнро ташкил медиҳад.

Сада, ҳамчунин, паёме аз ихтирои бузурги инсоният – оташ мебошад. Тибқи асотири бостонии ориёӣ оташ аз ҷониби Ҳушанг – шоҳи дувуми сулолаи Пешдодиён кашф гардида, ҷашни Сада ба ин муносибат таъсис ёфтааст.

Тавлиди оташ рамзи идомаи ҳаёт мебошад, зеро он яке аз чаҳор унсури офариниши ҳастӣ дар радифи об, ҳаво ва хок маҳсуб меёбад.

Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”–и безаволи худ бо муҳаббат ва ғурури ватандӯстона аз бузургӣ ва бостонӣ будани ин ойини ниёкон сухан гуфта, онро намунаи олии суннати пешиниён донистааст.

Дар пайравии ин шоири бузурги меҳанпараст адибони асрҳои баъдӣ манзалати онро ҳамчун ойини неки аз аҷдодамон меросмонда ситоиш кардаанд ва дар пойдории ин ҷашни бостонӣ саҳми ватандӯстона гузоштаанд.

Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад.

Дар ин айём аз рӯи хирад амал кардан, хайру саховат намудан, ба аёдати беморону наздикон рафтан ва либоси идона пӯшидан аз ҷумлаи ойинҳои неки ин ҷашн ба ҳисоб меравад.

Сада, ки панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз фаро мерасад, ҳамчун пайки наврӯзӣ марди деҳқонро аз наздик омадани баҳор ва оғози мавсими кишту кору дигар корҳои саҳроӣ хабардор месозад.

Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд.

Марди кишоварз бо нияти нек ба фасли баҳор тайёрӣ мебинад ва тибқи таомули аҷдодӣ хокистари гулхани ҷашни Садаро бо умеди ҳосили фаровон ба замин мепошад.

Маҳз дар ҳамин айём деҳқонон тухмии хушсифати зироатҳоро захира карда, мошинолоту таҷҳизот ва дигар асбобу олоти кишоварзиро ба кишти баҳорӣ омода месозанд, ҷӯйбору заҳкашҳо, яъне иншооти обёриро тоза карда, нақшаи киштукор, бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунанд.

Ин айём беҳтарин фурсат барои тоза кардани дарахтони боғҳои куҳна ва омода намудани ниҳолу қаламчаҳо барои бунёди боғҳои нав мебошад.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо ба корҳои баҳорӣ имсол низ сари вақт оғоз менамоянд, заминаи мустаҳками рӯёнидани ҳосили баланди зироатҳоро мегузоранд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар таъмини намудани мардуми мамлакат бо озуқаворӣ саъю кӯшиш менамоянд.

Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон, ки соли гузашта анҷом доданд, имрӯз фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва файзу баракати дастархони сокинони кишвар таъмин аст.

Хусусан, имсол, ки тибқи пешгӯии мутахассисону коршиносон ва таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли вазнину душвор меояд, кишоварзони мо бояд аз соли гузашта низ беҳтар заҳмат кашида, ҳарчи бештар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоянд.

Яке аз анъанаҳои ҷашни Сада, ки солҳои охир ба вуҷуд омадааст, ташкил кардани намоишу фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ ба шумор меравад.

Деҳқонону боғдорони мо бояд ин рӯзҳоро самаранок истифода бурда, ба мардум ниҳолҳои беҳтарину серҳосил ва тухмиҳои аълосифатро пешкаш гардонанд ва бо ҳамин роҳ ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон, саҳми муносиби худро гузоранд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки бо истифода аз ҳар рӯзи мусоиди ин айём мардум бояд ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ машғул бошанд, корҳои ободониро вусъат диҳанд ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳру деҳотро ободу зебо гардонанд.

Бовар дорам, ки ин корҳои хайри ободонӣ ба як амали доимӣ ва маъмулии мардуми озодаву созандаи мо табдил меёбанд.

Қобили зикри хос аст, ки ҷашни Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб ёфта, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

Умри дубора бахшидан ба маросиму ҷашнҳои бостонии ориёӣ ва оммавӣ намудани онҳо, хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ кори бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҷашни бостонии Садаро дар соли барои ҳар яки мо таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат, пеш аз ҳама, сиҳатмандиву хушҳолӣ, бахту саодат, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520