Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов

19.04.2021 17:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич,

Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо - Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520