Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

07.12.2005 13:30, Арабистони Саудӣ

Дар доираи иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳбарон ва намояндагони як қатор кишварҳои мусулмонӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмӯи васеъи масъалаҳои дуҷониба, муносибат ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои олами муосир табодули афкор намуданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки аксари ин мулоқотҳо бо хоҳиши мусоҳибони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баъди суханронии пурмӯҳтавои Сарвари давлати Тоҷикистон, ки кулли мушкилоти кишварҳои мусулмониро инъикос намуда, барои ҳаллу фасли онҳо як қатор пешниҳодҳои мушаххасу арзишманд ворид намуд, сурат гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520