Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ

03.06.2021 12:10, Покистон
Мулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ  03.06.2021

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.

Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520