Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ

18.07.2012 15:00, ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз, субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Тайи боздиди корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, як маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва як корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва амнияти озуқавории кишвар зоҳир гардид.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Мирзочули ҷамоати деҳоти Чоряккорон оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахуст бо самараи заҳмати деҳқонони хоҷагии Ҳайдар шинос шуданд. Тавре зикр гардид, хоҷагии Ҳайдар навташкил буда, дорои 72,5 га замин аст ва 52,5 гектари он обӣ мебошад. Аз 42 га замини ғаллаи обӣ, ки ҳоло мавсими дараваш дар авҷ аст, ба ҳисоби миёна 36 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ доранд. Дар наздики 6 гектар замини обӣ бояд кишти такрорӣ карда шавад. Аҳли ин хоҷагӣ асосан заминҳои қаблан лалмии ташналабро шодоб намуда, мавриди истифодаи босамар қарор додаанд, ки боиси хушнудии мардуми деҳоти атроф гардидааст, зеро нафарони зиёд дар ин ҷо соҳиби кор шудаанд.

Аҳли ин хоҷагӣ дар майдони 7,5 га боғу токзори нав бунёд намуда, аз миёни қаторҳои он аллакай ҳосили зағер ҷамъоварӣ кардаанд ва дубора тарбӯзу харбӯза ва каду коридаанд, ки намунаи хуби истифодаи босамари замини обӣ аст.

Хоҷагии дуюме, ки дар деҳаи Мирзочул мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, бо номи Фарҳод маъруф аст.

Аҳли ин хоҷагӣ низ аз фаъол шудани обкашҳои барқии ин мавзеъ ва шодоб гардидани заминҳояшон басо сипосгузоранд, зеро бо ин самараи корашон ва ризқу рӯзии 55 нафар аъзо афзудааст. Тавре зикр гардид, аз 85 га замини хоҷагӣ дар 80 гектараш пахта кишт шудааст ва аҳли заҳмат аз маҳсули корашон умеди зиёд доранд. Аз 5 га замини ғаллаи обӣ 35 сентнерӣ ҳосил ғунд дошта, дар ҷойи он сабзавоту полезӣ кишт намудаанд.

Сипас боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷомии ҷамоати деҳоти Чимтеппа идома ёфт.

Дар ин ҷо нахуст майдони ҷуворимакка барои дони хоҷагии деҳқонии Некрӯз мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар майдони 10 га тухмии серҳосили ҷуворимакка кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 100 сентнерӣ дон ҷамъоварӣ мекунанд.

Аҳли деҳаи Ҷомӣ бо сипосгузорӣ иттилоъ доданд, ки роҳбари хоҷагии Некрӯз бо ҳамроҳии як соҳибкори дигари маҳаллӣ аз ҳисоби фоидаи софашон дар ин деҳа як мактаби нави замонавӣ барои 600 нафар хонанда бунёд намуда, 4 км роҳҳои маҳаллиро навсозӣ кардаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Фирӯзи ҳамин деҳа кишти такрорӣ ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Аҳли ин хоҷагӣ аз ҳар га замини ғаллаи обӣ 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он дарҳол такроран зироатҳои сабзавоту полезӣ мекоранд. Кишти такрории лӯбиё дар як қитъа замини он бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Аз 22 га замини хоҷагӣ дар 10 гектараш пахта кишт шудааст. Онҳо соли гузашта аз ҳар га пахта 33 сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварда, имсол умед доранд, ки аз порсола бештар мешавад.

Дар деҳаи Очамайлии ҷамоати деҳоти Чортеппа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Абдулло Саркор» бевосита шинос шуд. Тавре зикр гардид, ин ассотсиатсия ба 147 га замини корам, ки дар он беш аз 200 нафар дар 27 хоҷагии деҳқонӣ ва 64 қитъа замини президентӣ машғули кори деҳқонианд, об медиҳад. Ҳамкории мақомоти таъминкунадаи барқу об ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тарзе ба роҳ монда шудааст, ҳеҷ мушкилии ҷиддӣ пеш намеояд. Ба иттилои масъулин ноҳияҳои Рӯдакию Ҳисор маблағи истифодаи обро саривақт пардохт мекунанд ва аз муассисаҳои ин соҳа қарздор нестанд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Маҳмадшои Болои ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ташриф оварда, бо фаъолияти Маркази миллии захираҳои генетикии зироатҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ шиносоӣ пайдо намуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, олимону мутахассисони ин марказ бо ҳамтоёни хориҷии худ ва хоҷагиҳои кишоварзии кишвар ҳамкории пурсамар ба роҳ монда, тухмии тамоми навъҳои қадимаи қариб нестшудаи зироатҳо, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандуму ҷавро ҷамъоварӣ, эҳё ва барои даҳсолаҳою садсолаҳои оянда захираю нигаҳдорӣ мекунанд. Онҳо, аз ҷумла тухмии 1022 навъи гандум ва 624 навъи ҷави маҳаллии камёфтро эҳё намуда, барои нигаҳдории садсола ба захирагоҳи махсуси Норвегия фиристодаанд. Тухмии беш аз 2,5 ҳазор навъи растаниҳои кишвари офтобии мо, ҳамчунин дар захирагоҳи махсусе дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Русия нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳамагӣ моли Тоҷикистон мебошанд. Ин захирагоҳи Маркази миллии захираҳои генетикии зироатҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бошад, ҳоло имкон дорад, ки тухмиҳои нодирро то 50 сол дар яхдонҳои махсуси дорои 18 дараҷа сардӣ нигаҳдорӣ намояд. Дар ин тухмиҳои нодири маҳаллии 32 намуди харбӯза, 77 навъи лӯбиё, 82 намуди нахуд, 40 намуди мош барои наслҳои оянда захира карда шудаанд. Дар ин марказ, ҳамчунин 8 ҳазор намуд дарахтони мевадиҳанда аз нав эҳё карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори олимони ҷавони соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба таълиму тарбияи босифати онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Онҳо низ дар навбати худ аз зиёдшавии тадриҷии маоши кормандони соҳаи илм ва ғамхории давлату ҳукумат изҳори хушнудӣ карданд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Ҳисори деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он дорои 306 га замин мебошад ва 140 гектари он обӣ аст. Тавре роҳбари хоҷагӣ Файзулло Зокиров иттилоъ дод, ин хоҷагӣ дар тобеияти Тоҷикматлубот қарор дошта, асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст. Саҳми намоёни ин хоҷагӣ дар таъмини фаровонӣ ва арзонии сабзавот дар пойтахти кишвар, ки тавассути гӯшаҳои он дар чанде аз бозорҳо ва ярмаркаҳои фурӯш гузошта мешавад, таъкид гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳар рӯз аз заминҳои ин хоҷагӣ 3,5-4 тонна сабазавот ба бозорҳои пойтахт ворид мегардад.

Дар деҳаи Чимтеппа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гулмоҳӣ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи парвариши гулмоҳӣ бо саҳмгузории муштараки соҳибкорони тоҷику эронӣ ташкил ёфта, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи нодири ғизоӣ қадамҳои нахустин мегузорад. То ин рӯз аз ин корхона беш аз 1,5 тонна гулмоҳӣ ба фурӯш рафта, зиёда аз 4 тоннаи дигар барои пешкаш ба харидорон омода аст. Парвариши моҳӣ дар ин ҷо тавассути технологияи нав бо истифода аз оби зеризаминӣ, ки тобистону зимистон ҳарорати якхелаи 15 дараҷа дорад, ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ривоҷ додани кори ин соҳаро махсус таъкид намуда, ба масъулин барои зиёд намудани парвариши гулмоҳӣ ва барои ин корхона ҷудо намудани нуқтаҳои фурӯши моҳӣ дар бозору мағозаҳои пойтахт дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Оли Сомони ҷамоати деҳоти Зайнабобод ташриф оварда, заминҳои офтобпараст ва пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии Баракат ва Хуршедро аз назар гузаронд.

Дар хоҷагии Баракат, аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он ду сол боз кишти офтобпарастро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ҳосил мерӯёнанд ва аз 2 кишт беш аз 50 сентнерӣ аз ҳар га дон ҷамоварӣ мекунанд. Дони офтобпарастро онҳо ба хориҷи кишвар барои истеҳсоли равған ва ҳалво содир мекунанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хоҷагӣ Маҳмадҷон Шоев уҳдадор шуд, ки то моҳи сентябри соли равон як сехи коркарди дони офтобпараст ва истеҳсоли равғану ҳалвои онро ба роҳ мемонад ва 25 нафари дигарро бо кор таъмин менамояд.

Шуғли асосии аҳли хоҷагии Хуршед бошад, асосан пахтакорӣ аст. Онҳо дар майдони 240 гектар пахта кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш зиёда аз 36 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ, ҳамчунин бо ғаллакорӣ, парвариши дигар навъи зироатҳо ва чорводорӣ машғуланд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хоҷагиҳои зиёди ноҳияи Рӯдакӣ нақши муҳими ин ноҳияро дар таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии пойтахт махсус таъкид намуда, ба роҳбарияти ноҳия барои бо масъулияти баланд адо намудани ин вазифаи муҳим, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ва дар давраи тирамоҳу зимистони оянда супориҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520