Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги
техникӣ эълон намудани соли 2010


Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини сифати таҳсилот ва рушди тафаккури техникии аҳолӣ фармон медиҳам:
1. Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани фармони мазкур тадбирҳои амалӣ андешад.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 сентбяри соли 2009
№ 707

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520