Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои фарҳангии бахшида ба солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон

08.09.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибҳа Патил дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт дар тантанаҳои фарҳангии бахшида ба солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Пратибҳа Патил зимни суханронии кӯтоҳ, ки қабл аз оғози чорабиниҳои идона доштанд, аҳли толор ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, шоми дирӯз ва субҳи имрӯз тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радио пешкаши мардум гардид. Матни пурраи он ҳамчунин дар матбуоти даврӣ нашр мегардад.

Барномаи фарҳангии бахшида ба солгарди 18-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз намоишҳои ҷолиби театрикунондашуда, ки бозгӯ аз шебу фароз ва бурду бохти давлату ҳукумат ва мардуми кишвар дар 18 соли истиқлоли давлатианд ва аз рақсу сурудҳои дилошӯб иборат аст.

Бояд таъкид дошт, ки дар тантанаҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок намудани Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки яке аз давлатҳои бузург ва пешрафтаи қитъаи Осиё аст, нишона аз эҳтироми хосаи ҳукумат ва мардуми ин кишвар ба Ватани азиз ва фарҳанги пурғановати он маънидод мегардад.

Президенти Ҳиндустон хонум Пратибҳа Патил ва Намояндагони воломақоми ин кишвар, ки ӯро дар сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд, тоҷикону ҳиндувонро, аз ҷумла ду шохаи дарахти безаволи тамаддуни ориёӣ меноманд ва бовар доранд, ки имкону захираҳои ҳамкории судбахш миёни ду кишвар ва ду мардуми ҳамфарҳанг дар воқеъ хеле фароханд, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва илму ва ин кишвар техника.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520