Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18.08.2021 19:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, рафти омодагӣ ба саммити Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад,  ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.

Вобаста ба ин мувофиқа ба даст оварда шуд, ки  тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520