Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

03.09.2009 18:00

Дар ҳошияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун вохӯрӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Дабири кулли он барои кӯмакҳои ҳамешагии башардӯстона ва пуштибонӣ аз иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар посух нахуст ба суханронии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ҳамчунин таъкид намуд: «Шумо роҳбари давлате ҳастед, ки ман эҳтироми хоса дорам. Шумо ҳамеша ташаббусҳои шахсии ман ва Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ менамоед».

Пан Ги Мун Сарвари давлати Тоҷикитон Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Конфронси ҷаҳонӣ доир ба иқлим, ки охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегарданд, самимона даъват намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «иштироки Шумо-чун роҳбари ташаббускор ва пуштибон аз иқдомоти Созмони Милали Муттаҳид ба манфиати ҳалли масоили баррасишаванда хоҳад буд».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иштироки ӯро дар Саммити ғайрирасмии сарони давлатҳо оид ба масоили иқлим, ки моҳи сентябри соли оянда баргузор хоҳад шуд, ба манфиати кор номид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, метавонад боиси ҷалби бештари маблағҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Тоҷикистонро ба ҳамкории васеи байналмилалӣ дар масъалаҳои вобаста ба иқлим таъкид дошта, аз Пан Ги Мун даъват намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар тарҳрезии рӯзнома, ташкил ва баргузории конфронс доир ба баррасии натиҷаҳои нимаи аввали Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, саҳмгузор бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иҳори боварӣ намуд, ки иқдоми навбатии Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2012 чун Соли байналмилалии дипломатияи обӣ мавриди дастгирии Созмони Милали Муттаҳид қарор мегирад.

Зарурати густариши ҳамкории сиёсиву амниятӣ низ миёни Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид, аз ҷумла барои таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520