Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

30.08.2021 16:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Узбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр карданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон, инчунин якчанд  масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Узбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520