Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

30.07.2009 12:30, ноҳияи Варзоб

Дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гашт.

Сарони се давлат, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории густурда доранд, имрӯз бори нахуст мулоқоти муштараки сеҷониба доир намуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гаштани ин мулоқотро коршиносони сиёсӣ нишона аз сиёсати сулҳоварии Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандию омодагии устувори ӯ баҳри густариши ҳамкории судманд ба манфиати мардумони ҳамаи кишварҳои минтақа маънидод мекунанд.

Бо истифода аз ин имкони мусоид сарони се давлат - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории сеҷониба гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамдигар ва ба ин васила боис шудан ба таҳкиму устувории амнияту субот дар минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Бо ҳамдастӣ боло бурдани қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии се кишвар аз тариқи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистону Покистон тавассути қаламрави Афғонистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ маънидод гардид.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо, ки нахуст дар шакли хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои се кишвар сурат гирифтанд, сарони се давлат зери баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷум?урии Исломии Афғонистон ва Ҷум?урии Исломии Покистон имзо гузоштанд, ки дар он роҳу василаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории сеҷониба инъикос ёфтаанд.

Сипас сарони се давлат - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои имрӯза изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати идома додани чунин мулоқоту сӯҳбатҳоро ба хотири густариши ҳамкории минбаъда таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520