Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон

30.07.2009 12:30, ноҳияи Варзоб

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори умум,
Дӯстони гиромӣ,

Чанде қабл нахустин мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсоя – Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон – дар шакли сегона анҷом пазируфт.

Мулоқот ва музокироти мо дар шакли сегона хислати созанда дошта, дар ҷараёни онҳо дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаҳои гуногун, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва як санади ҳамкорӣ байни се кишвар ба имзо расид.
Мо аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Душанбе қаноатманд буда, онҳоро мусбат арзёбӣ намудем. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки чунин мулоқотҳои сеҷониба дар оянда идома дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқоти сеҷониба мо ба масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фаъолияти тоҷирон ва сармоягузорони се кишвар дар қаламрави якдигар, вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати наздисарҳадӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудем.

Зарурати густариши ҳамкориҳои ду, се ва бисёрҷониба бо иштироки кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таъкид намуда, мо ҳамаи ҷонибҳоро барои гузоштани саҳми фаъолтар дар раванди эҳё ва бозсозӣ дар Афғонистон ба манзури дастёбӣ ба сулҳу суботи пойдор дар ин сарзамин даъват намудем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пуштибонии худро аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар таҳкими субот ва ваҳдату оромӣ дар кишвар муҷаддадан эълом доштанд.

Яке аз мавзӯъҳои марказии мулоқот масъалаи суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои муштарак дар соҳаи сохтмони роҳҳои заминӣ ва оҳан ҷиҳати транзити борҳо ва мусофирон, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон буд, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар навбати аввал барои бунёди роҳҳои оҳану мошингарди Панҷи Поён-Шерхон Бандар-Кобул-Пешовар-Исломобод, амалӣ намудани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати «КАСАРЕМ» ҷаҳд намоянд.

Табиист, ки мо дар ин мулоқот ба масъалаҳои таъмини амнияти умумӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудем. Ҳар се давлат омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо тамоми таҳдидҳои ҷаҳонӣ – терроризм дар ҳама шаклҳояш, сепаратизм, экстремизм ва ҷинояткории созмонёфта – изҳор намуданд.
Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии мубориза бо маводи мухаддир, ҳамчун василаи муассир барои пешгирии ин падидаи номатлуб низ мавриди баррасӣ буд.

Мо бори дигар изҳори ҳавасмандӣ кардем, ки ҳамкориҳоро дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай густариш дода, оид ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои худро ҳамоҳанг ва дастгирӣ намоем.

Макон ва замони муносиб барои мулоқоти навбатии байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистону Афғонистон бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520