Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

21.09.2021 07:44, ноҳияи Лахш
Ифтитоҳи бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ  21.09.2021

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо мақсади шиносоӣ аз вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инчунин суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия роҳбарият бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншоот дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда дар бинои навбунёд иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш 6 мутахассиси соҳа кору фаъолияти назаррас доранд.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш қаблан дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, аз 4 ҳуҷраи корӣ иборат буд. Акнун дар бинои наву замонавӣ мутахассисон имкон доранд, ки хуҷҷатнигорӣ, банақшагирӣ, ҳисобот ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро бо сифат ба иҷро расонда, фаъолияти назаррас дошта бошанд.

Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи баландкӯҳи Лахш кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорӣ аст. Аз ин рӯ, бинои мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба мутахассисони ин бахши кишоварзӣ, бунёд шудааст.

Дар корҳои сохтмонии иншооти нав мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат корҳои бунёдиро ба анҷом расондаанд. Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як иншооти маъмурӣ дар баробари такмили инфрасохтор, ба ҳусни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон зебоии дигар зам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои босифати уҳдадориҳо ва ривоҷу равнақи бештари соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш вазифадор намуданд.

Саҳн ва атрофи иншоот бо дарахтони сояфкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ оро ёфтааст.

Пас аз ба истифода додани бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи хоҷагидорон дидан карданд.

Аҳли заҳмати ноҳия навҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, ғалладона, меваи тару тозаи табиӣ, асал ва техникаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520