Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод

21.09.2021 11:41, ноҳияи Тоҷикобод
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод   21.09.2021

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, аз дастгирии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорону сокинони ноҳияро дар рушду пешрафти ин гушаи диёр неку назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия 277 иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 115 иншоот аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва азнавсозӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди ноҳия, аз ҷумла бахши кишоварзиро таҳлил намуда, ба роҳбарони ноҳия ва масъулини соҳаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат тадбирҳои судманд андешанд.

Масъулини ноҳия вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод якчанд лоиҳаи хурду миёна доир ба таъминот бо нерӯи барқ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, нерӯгоҳи барқи обии “Фатҳобод” бо иқтидори 282 киловатт бунёд карда шудааст. Дар ҳудуди  ноҳияи Тоҷикобод марҳалаи сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе – Қарамиқ» ва қисми лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷараёни як сафари корӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст.

Дар 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети  давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, барояшон соадати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баромад карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520